Зеристгоҳи асрии НБО Норак ба кор даромад
Душанбе, 13 август. (АМИТ «Ховар»). – Имрӯз ширкати Alstom Grid асбоби махсуси навини Нерӯгоҳи барқи обии Норакро мавриди истифода қарор дод. Дар ин маросими ботантана Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гул Шералӣ, раиси Ширкати давлатии энергетикии «Барқи тоҷик» — и Тоҷикистон Аслӣ Назаров, ҳамчунин намояндагони сафоратҳои Фаронса ва Олмон ширкат доштанд.Арзиши лоиҳаи мазкур 22 миллион евроро ташкил дода, барои Тоҷикистон аҳамияти стратегӣ дорад, зеро қариб 80 фоизи истифодабарандагони ҷумҳуриро бо нерӯи барқ таъмин мекунад. НБО Норак калонтарин нерӯгоҳи барқии Осиёи Марказӣ ба шумор рафта, қудрати муқарраршудаи он 3 гигаваттро ташкил дода, беш аз 75 фоизи нерӯи барқи Тоҷикистонро тавлид мекунад. Лоиҳаи такмили нерӯгоҳҳои мазкур бояд бархе вазифаҳо, аз ҷумла вазифаи тавлиди нерӯи барқ, ба эътидол овардани тамомияти шабакаҳои Осиёи Марказӣ ва бо об таъмин намудани Ӯзбекистону Туркманистонро ҳал намояд. Лоиҳаи мазкур марҳалаи аввали барномаи мукаммал ҷиҳати навсозии таҷҳизоти барқии НБО Норак маҳсуб меёбад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






