Қитъаҳои замин барои мардум
Душанбе, 20 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – 9 ҳазор оилаҳои ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд қитъаҳои замин гирифтанд.Назар ба хабари хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд дар ҷамоатҳои Исмоил, Д.Холматов ва Чашмасор барои бунёди хонаҳои истиқоматӣ қитъаҳои замин ҷудо карда шудаанд. Аз оғози соли ҷорӣ аз шаҳрвандон ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров як ҳазору 300 ариза дар бораи ҷудо кардани қитъаи замин расидааст, ки онҳоро комиссияи махсуси ҷамъиятӣ баррасӣ менамояд.Қобили зикр аст, ки алҳол масоҳати умумии қитъаҳои замини аз ҷониби ҳукумати кишвар ҷудокардашуда як ҳазору 485, 5 гектарро ташкил медиҳад.








МегаФон Тоҷикистон: МегаҚувва гигабайтҳоро дучанд менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад






