Ҷаласаи Шӯрои Иттиҳоди байнибонкии СҲШ дар Иссиқкӯл
Душанбе, 13 сентябр (АМИТ «Ховар»).- 12 сентябр дар вилояти Иссиқкӯли Ҷумҳурии Қирғизистон ҷаласаи навбатии Шӯрои Иттиҳоди байнибонкии Созмони Ҳамкории Шанхай баргузор гардид. Дар ҷаласаи мазкур раиси Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» Гулнора Ҳасанова, сардори Идораи муносибатҳои байналхалқӣ Икром Раҳимов ва сарҳуқуқшиноси Хадамоти ҳуқуқи «Амонатбонк» Одилҷон Насибов иштирок намуданд. Ҷаласа аз рӯи барнома ва рӯзномаи ҷаласа, ки қаблан бо бонкҳои аъзои Иттиҳоди байнибонкии Созмони Ҳамкории Шанхай мувофиқа шуда буд, гузаронида шуд. Дар ҷаласа масъалаҳо оид ба фаъолияти солонаи Иттиҳоди байнибонкии Созмони Ҳамкории Шанхай, ҳамкорӣ бо институтҳои молиявии давлатҳое, ки дар назди Созмони Ҳамкории Шанхай мавқеъ доранд, рушди ҳамкорӣ бо Шӯрои ҳамкории Созмони Ҳамкории Шанхай, татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ дар доираи Иттиҳоди байнибонкии Созмони Ҳамкории Шанхай, ҳамкорӣ дар соҳаи табодули таҷриба ва тайёр намудани кадрҳо, инчунин интихоб намудани раиси навбатии Шӯрои Иттиҳоди байнибонкии Созмони Ҳамкории Шанхай барои солҳои 2013-2014 ва дигар масъалаҳои фаъолият баррасӣ гардиданд. Дар интиҳои ҷаласа аз ҷониби Шӯро «Низомнома дар бораи тартиби фаъолияти Гуруҳи кории Иттиҳоди байнибонкии Созмони Ҳамкории Шанхай оид ба баррасии лоиҳаҳои инвеститсионӣ ва механизми кафолат ва суғуртаи инвеститсияҳо» ва «Протокол оид ба ворид намудани тағйирот ба «Низомнома дар бораи ҳамкорӣ бо институтҳои молиявии давлатҳое, ки дар назди Созмони Ҳамкории Шанхай мақом доранд ва мақоми бонки ҳамкори Иттиҳоди байнибонкии Созмони Ҳамкории Шанхайро доранд» ба имзо расид.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд






