ҶСК «Тоҷиксемент» сӯзишвории ангиштиро истифода менамояд
Душанбе, 11 сентябр. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – Дар ҷараёни мулоқоти Вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гул Шералӣ бо директори генералии ширкати Beijeng Jichuang Diansheng (Бейҷинг Ҷичуан Дианшенг) – и Ҷумҳурии Мардумии Чин Ҷенг Ҷуан Шенг масъалаи ҳар чи зудтар сӯзишвории ангиштиро истифода бурдани корхонаи калони сементи ҶCК «Тоҷиксемент» мавриди муҳокима қарор гирифт. Дар ин бора аз Вазорати Энергетика ва саноати ҶТ ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд. Мувофиқи суханони манбаъ, Гул Шералӣ изҳори умедворӣ намуд, ки ширкати Бейҷинг Ҷичуан Дианшенг барои сӯзишвории ангиштиро истифода намудани корхонаи сементи Тоҷикистон кӯмак хоҳад кард. Дар робита бо ин, ҷониби Тоҷикистон хоҳиш намуд, ки кор дар ин самт тезонида шавад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






