Аксияи байналмилалӣ дар вилояти Суғд
Душанбе, 13 сентябр. (АМИТ «Ховар», Л. Қосимова).- Гуруҳи таблиғотии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ (АНМН) барои татбиқи минбаъдаи лоиҳаи аввалини байналмилалии агентӣ- «Гузаронидани чорабиниҳои фаҳмондадиҳӣ ва пешгирикунандаи зиддимухаддиротӣ дар ноҳияҳои наздисарҳадии вилоятҳои Суғд ва Хатлон, инчунин ВМКБ» ба вилояти Суғд сафар намуданд.Лоиҳаи мазкур ташкил ва гузаронидани корҳои пешгирикунанда, фарҳангию фароғатӣ ва фаҳмондадиҳиро дар байни сокинони ноҳияҳои наздисарҳадии Тоҷикистон ва Қирғизистон, бо мақсади ҷалби диққати онҳо ба масъалаҳои сӯйистеъмоли маводи нашъадор, сафарбар кардани онҳо ба пешгирии нашъамандӣ, мубориза бо ҷиноякорони мухаддиротӣ ва ташаккули тарзи ҳаёти солимро дар бар мегирад.Аз 12 то 27 августи соли ҷорӣ гуруҳи таблиғотӣ, ки ба ҳайати он мутахассисони агентӣ, табибони нарколог, ҳунармандони машҳури ҷумҳурӣ, инчунин намояндагони воситаҳои ахбори омма шомил буданд, дар ноҳияҳои наздисарҳадӣ бо мақсади муайян кардани сатҳи дониши сокинони ду кишвар оид ба масъалаҳои нашъамандӣ ва роҳҳои ташкили мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор пурсиш гузаронданд.Лоиҳаи мазкур аз ҷониби Барномаи Раёсати Созмони Милали Муттаҳид оид ба мухаддирот ва ҷинояткорӣ барои Афғонистон ва кишварҳои ҳамсоя маблағгузорӣ мешавад, ки намояндагонаш низ дар ҷараёни татбиқи он иштироки фаъолона менамоянд.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз дафтари матбуоти АНМН хабар доданд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






