«Аноҳито» — тарғибгари санъат
Душанбе, 13 сентябр. (АМИТ «Ховар»). — Беш аз 1 сол дар ҷумҳурӣ бо ибтикори Иттифоқи арбобони санъати Тоҷикистон маҷаллаи фарҳангӣ ва ҷамъиятиву сиёсии «Аноҳито» нашр мешавад, ки он миёни аҳли фарҳанг, бахусус санъаткорон ва ҳаводорони он маъруфияти зиёд пайдо намудааст.Маҷаллаи «Аноҳито», ки дар ду моҳ як маротиба чоп мешавад, дар ҳудуди ҷумҳурӣ ва берун аз он паҳн гашта, маводро бо забони тоҷикӣ ва русӣ нашр менамояд. Ин маҷалла асосан маводи ҷолиби иттилоотию тадқиқотиро оид ба рӯйдодҳои муҳими фарҳангӣ, асарҳои драмавӣ ва матолиби ҳаҷвиро аз ҳаёти аҳли фарҳанг ба табъ мерасонад. Аз ҷумла, дар шумораи навбатии маҷаллаи «Аноҳито» маводи ҷолиб, аз қабили «Истиқлолияти давлатӣ-бузургтарин ва муқаддастарин дастоварди миллат», «Санъат- воситаи тарбия», «Махзани фарҳангу ҳунар», «Ҳунарпешаи хирадманд» ва амсоли инҳо чоп шудаанд, ки дар онҳои рӯйдодҳои муҳими таърихиву сиёсӣ, ҷамъиятиву фарҳангӣ оварда шуда ва оид ба ҳаёту фаъолияти шахсиятҳои фарҳангиву ҷамъиятӣ маълумоти мухтасар дода шудааст. Раиси Иттифоқи арбобони санъати Тоҷикистон Ҷамшед Исмоилов муътакид бар он аст, ки дар маҷалла ба он асарҳои драманависони тоҷик авлавият дода мешавад, ки аз лиҳози шаклу мазмун нотакроранд ё дар хориҷи кишвар таҳия шудаанд. Дар баробари ин, маҷалла барои бо забонҳои русӣ ва англисӣ мунташир кардани асарҳои драмавӣ ва таҳлилӣ ҳавасманд аст.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






