Азми Фаронса ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳои гуногунсоҳа бо Тоҷикистон
Душанбе, 3 сентябр. (АМИТ «Ховар», Афшини Муқим).- Дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва ҳайати парлумонии Фаронса аз гуруҳи дӯстии «Фаронса ва Осиёи Марказӣ», ки бо роҳбарии сенатор Андре Дюле дар Тоҷикистон ҳузур доранд, як силсила масоили муҳими ҳамкориҳои дуҷониба мавриди муҳокима қарор гирифт. Андре Дюле пас аз мулоқоташ бо Сарвари давлат дар ҳузури намояндагони ВАО гуфт: «Ҳамкориҳои Фаронса бо Тоҷикистон дар ҳоли рушд аст ва дар соли 2012 ҳамкориҳои мо хеле назаррас буданд. Барои мисол ман се лоиҳаи ҳамкориҳои Фаронсаро мехоҳам изҳор намоям. Якум навсозии хатти парвоз дар фурудгоҳи Душанбе, дуюм сохтмони терминали нав, ки сохтмони он дар охири соли ҷорӣ ба анҷом мерасад ва лоиҳаи сеюми ҳамкории мо ин кушодашавии ташхисгоҳ, ки онро ширкати Мерио сохтааст ва барои соҳаи тибб истифода мешавад»
Мавсуф бо боварӣ ба ояндаи дурахшони равобити дуҷонибаи ду кишвар гуфт: «Чанд ширкати Фаронса ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар Тоҷикистон ҳавасманданд. Махсусан, дар самти ғанисозии уран, ҳамчунин ширкати дигаре низ ҳаст, ки ба коркарди маҳсулоти саноатӣ машғул аст».
Тибқи иловаи Андре Дюле ҷониби Фаронса азм дорад, ки ҳамкориҳои гуногунсоҳаро бо Тоҷикистон дар бахшҳои мухталиф рушд диҳад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






