Ба деҳаи куҳӣ оби тоза меояд
Восеъ, 12 сентябр. (АМИТ «Ховар», С. Холов).- Сокинони деҳаи Истиқлоли ҷамоати деҳоти Тугараки ноҳияи Восеъ солҳост, ки аз оби тозаи ошомиданӣ маҳруманд. Бо пешниҳоди ҳокимияти давлатии ноҳия ва дастгирии ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ин масъала вақтҳои наздик ҳалли худро меёбад. Тавассути ташкилоти «Корезлоиҳа»-и шаҳри Душанбе лоиҳаи хати оби мазкур, ки дарозиаш 7100 метрро ташкил медиҳад, тарҳрезӣ гардида, лоиҳаи он ба маблағи 50 ҳазор сомонӣ омода шудааст. Дар назар аст, ки об тавассути 4 насоси обкаш ба деҳаи мазкур расонида шавад. Сохтмони мазкур оғоз ёфта, корҳои заминканӣ алҳол идома доранд. Инчунин корҳои барқароркунии хатҳои оби нўшокии маркази шаҳраки Восеъ низ шуруъ гардида, бо суръат идома доранд. Тавассути маблағгузории Бонки ҷаҳонии рушд бо ин мақсад 1 миллиону 329 ҳазор доллар чудо гардида, дар масофаи 8,5 километр қубурҳои собиқа иваз карда шуда, 4 маҳаллаи марказӣ ва се маҳаллаи навбунёди шаҳрак бо об таъмин мегардад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






