Ба истифода додани бинои нави “Тоҷпромбонк” дар маркази ноҳияи Рашт
Душанбе, 25 сентябр (АМИТ «Ховар»).-Бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Рашт бинои нави филиали Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Тоҷпромбонк” ба истифода дода шуд.Бинои мазкур аз ду ошёна иборат буда, бо маблағи 1 миллиону 162 ҳазор сомонӣ сохта шудааст ва дорои 22 утоқи корӣ мебошад. Филиалҳои Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Тоҷпромбонк” дар ноҳияҳои Тоҷикободу Ҷиргатол ифтитоҳ ёфта, ҳамзамон фаъолияти босамар доранд.Сарвари давлат бо шароити утоқҳои кории филиали бонки мазкур шинос гардида, таъкид намуд, ки хизматрасониро ба аҳолӣ дар сатҳи баланд ба роҳ монанд.Масъули бонк бо ҳидояти Президенти мамлакат уҳдадорӣ гирифтанд, ки 3 километр роҳи маҳалиро пурра мумфарш менамоянд.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






