Барқияи тасаллият ба Раиси Ҷумҳурии Исломии Покистон Мамнун Ҳусейн

Сентябрь 26, 2013 16:00

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Исломии Покистон Мамнун Ҳусейн барқияи тасаллият ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла гуфта шудааст:«Ҷаноби Олӣ,Дар Тоҷикистон хабари рух додани зилзиларо дар музофоти Балуҷистони Ҷумҳурии Исломии Покистон, ки боиси ҳалокати теъдоди зиёди шаҳрвандон, захмӣ шудани садҳо нафар ва хисороти бузурги моддӣ гардид, моро сахт андӯҳгин намуд.Аз номи худ ва тамоми халқи Тоҷикистон ҳамдардии амиқро ба мардуми дӯсти Покистон изҳор намуда ба наздикони қурбоншудагон аз даргоҳи Худованди мутаъол сабри ҷамил хоҳонам ва орзуманди шифоёбии зарардидагон ҳастам.Инно лиллоҳи ва инно илайҳи роҷиун».

Сентябрь 26, 2013 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад