БДА хабар медиҳад

Сентябрь 24, 2013 10:32

Душанбе, 24 сентябр. (АМИТ «Ховар», Л. Қосимова).- Аз аввали соли ҷорӣ то 22 сентябр дар роҳҳои мошингарди ҷумҳурӣ 1013 садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст, ки бар асари онҳо 325 нафар ба ҳалокат расида, 1121 нафари дигар бо ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхонаҳо бистарӣ гардиданд.Дар ҳафтаи гузашта аз 16 то 22 сентябри соли ҷорӣ дар роҳҳои мошингарди ҷумҳурӣ 27 садамаи роҳу нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст, ки дар онҳо 8 нафар ба ҳалокат расида, 24 нафари дигар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд.16 сентябри соли 2013 дар шаҳри Душанбе ронанда Муҳаммадрабии Абдукарим ҳангоми ҳаракат дар кӯчаи Сино аз самти кӯчаи Шамсӣ дар рӯ ба рӯи терминали мусофиркашонии «Автовокзал» пиёдагарди ноболиғ Муҳаммад Хуҷаяров, соли таваллудаш 1994-ро зер кард. Дар натиҷа пиёдагарди ноболиғ ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона бурдан дар роҳ ба ҳалокат расид. Тавре ки ба АМИТ «Ховар» аз дафтари матбуоти Раёсати бозрасии давлатии автомобилӣ хабар доданд, чунин ҳодисаҳо на танҳо дар пойтахти ҷумҳурӣ, балки дар шаҳру ноҳияҳои тобеи он низ зиёд ба чашм мерасад. РБДА аз ронандагон хоҳиш мекунад, ки ҳангоми ҳаракат қоидаҳои ҳаракати роҳро риоя намоянд.

Сентябрь 24, 2013 10:32

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд