Бинои нави Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар минтақа ва ноҳияи Рашт ба истифода дода шуд
Душанбе, 25 сентябр (АМИТ «Ховар»).- Бинои нави Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар минтақа ва ноҳияи Рашт бо иштироки Президенти мамлакат ба истифода дода шуд. Дар ин бино барои ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилӣ шароити мусоиди фаъолият фароҳам оварда шуда, тамоми утоқҳои корӣ бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин карда шудааст.Бинои Раёсат дорои маҷлисгоҳ барои 60 ҷойи нишаст ва 65 утоқи корӣ мебошад.Кормандони Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар минтақа ва ноҳияи Рашт барои ин таваҷҷуҳи роҳбарияти давлату ҳукумат арзи сипосу минатдорӣ намуда, қавл доданд, ки ҷиҳати анҷоми вазифаҳои хизматӣ ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ҳамаҷониба талош хоҳанд кард.








МегаФон Тоҷикистон: МегаҚувва гигабайтҳоро дучанд менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад






