«Боварӣ ва ҳамкорӣ»-дастраскунандаи қарзҳои хурд дар ҷумҳурӣ
Душанбе, 26 сентябр. (АМИТ «Ховар», Руқияи Боймамад). — 25 сентябри соли равон вохӯрии навбатии кории масъулини ҶСП Ташкилоти амонатӣ-қарзии хурди «Боварӣ ва ҳамкорӣ» бо роҳбарони ташкилотҳои хурди маблағгузоре, ки шарикони «Боварӣ ва ҳамкорӣ» маҳсуб меёбанд, доир гардид. Гуфтан бамаврид аст, ки «Боварӣ ва ҳамкорӣ» ягона институти миллии бозтамвили ташкилотҳои маблағгузории хурди ватанӣ дар ҷумҳурӣ маҳсуб ёфта, аз баракати фаъолияти самараноки он дастрасии аҳолии мамлакат ба қарзҳои хурд бемайлон рушд меёбад. Дар давоми фаъолияти худ «Боварӣ ва ҳамкорӣ» бо Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҶСК «Агроинвестбонк», ҶСК «Ориёнбонк», «Аввалин бонки молиявии хурд», «Аксесбонк» ва теъдоди зиёди ташкилотҳои байналмилалӣ: GIZ, ICCO (Нолланд), DFID , UNDP, Trimple Jump, МФК, CGAP, ЮСАИД ҳамкориҳои барои тарафайн судмандро роҳандозӣ намудааст. Дар вохӯрӣ ширкатхои хусусӣ, ВАО ва як зумра меҳмонон ширкат доштанд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






