Боздиди Э. Раҳмон аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ ва ифтитоҳи Маркази савдо ва хизматрасонӣ дар Нуробод
Душанбе, 27 сентябр (АМИТ «Ховар»)Дар ноҳияи Нуробод Сардори давлат аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ дидан намуд. Кишоварзону ҳунармандон намунаи маҳсули меҳнати худро ба намоиш гузоштанд.Президенти кишвар бо хоҷагидорон суҳбат намуда, онҳоро барои фаъолияти бо самар ва истифодаи самараноки замину гирифтани ҳосили зиёди маҳсулоти кишоварзӣ ҳидоят намуд.Зикр карда шуд, ки таъминоти амнияти озуқаворӣ дар минтақа ва кишвар бе восита аз фаъолияти босамари деҳқонон вобастагӣ дорад. Кишоварзони ноҳияи Нуробод имсол аз кишти ғалладонагиҳо, боғҳои мавҷуда ва дигар зироатҳои кишоварзӣ ҳосили дилхоҳ ба даст оварда, барои таъмини фаровонии бозорҳо бо маҳсулоти тару тозаи кишоварзӣ саҳми назаррас хоҳанд дошт.Дар ноҳияи Нуробод бо иштироки Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин Маркази савдои Сиёвуш, ки аз ҷониби Соҳибкори шаҳраки дарбанди ноҳияи Нуробод Сайфиддин Убайдов бунёд шудааст ба истифода супорида шуд.Бинои мазкур аз ду ошёна иборат буда, дар ошёнаи якум мағозаи хӯрокворӣ, ашёи рӯзгор ва як дорухона бунёд ёфтааст. Дар ошёнаи дувум бошад, толори барҳавои дӯзандагӣ, ки ифтитоҳ ёфт, ки дар он беш аз 20 нафар занону духтарон ба кори доимӣ ҷалб карда шудаанд.Баробари ба фаъолият шурӯъ кардани ин маркази савдо 25 нафар сокини ноҳияи Нуробод бо ҷойи кори доимӣ таъмин гаштаанд. Занону духтарон баъд аз худ намудани касби дӯзандагӣ дар навбати аввал ба духтани либосҳои мактабӣ машғул хоҳанд шуд.Сарварии ин коргоҳи дӯзандагиро як нафар сокини ноҳияи Нуробод Сафармоҳ Мардонова ба уҳда гирифтааст, ки худ дар духтани либосҳои гуногун таҷрибаи ғанӣ дорад. Дар самти омода кардани дӯзандагони касбӣ аз ҳисоби занону духтарон дар ин коргоҳ имконият аст, ки боз 10 нафари дигар ба омӯзиш фаро гирифта шаванд ва ҳамин тариқ боз ҷойҳои кори иловагӣ муҳаё хоҳад шуд.Зимни боздид аз ин марказ Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ин ташаббуси соҳибкорзан баҳои баланд дода, амали кардани чунин тадбирро барои ба кори доимӣ ҷалб намудани занону духтарони ноҳияҳои мамлакат муҳим арзёбӣ кард.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






