Боздиди Эмомалӣ Раҳмон аз қароргоҳи дастаи таъиноти махсуси милитсия
Душанбе, 14 сентябр (АМИТ «Ховар»).-Дар шаҳри Чкалов Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба қароргоҳи доимии дастаи таъиноти махсуси милитсияи Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд ташриф оварда, бо шароити будубош ва хизматии ҳайати шахсии он бевосита шинос шуд.Дар аввали боздид аз ҷониби ҳайати шахсии ин дастаи таъиноти махсус машқҳои зиддитеррористӣ доир ба озод кардани гаравгонон ва безарар гардондани ҷинояткорони шартии мусаллаҳ намоиш дода шуд.Зимни боздид аз қароргоҳи доимии дастаи таъиноти махсус, аз ҷумла аён гардид, ки биноҳои он бо харҷи беш аз 3 миллион сомонӣ мавриди навсозии куллӣ қарор гирифта, дар он шароити муосири будобоши шаборӯзӣ, машқу тамринҳои махсус, аз ҷумла майдончаҳои машқҳои низомӣ, майдону толори калони варзишӣ ва ғайра муҳайё гардидааст. Ошхона ва ошпазхонаи бино ҳам бо тамоми дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ ва мизу курсиҳои бароҳат таъмин мебошад.Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки барои таъмини онҳо бо хӯроки серғизо ва дигар шароити зарурӣ пайваста ғамхорӣ зоҳир карда шавад.Зимни суҳбатҳо бо роҳбарият ва ҳайати шахсии ин дастаи таъиноти махсус, аз ҷумла иттилоъ дода шуд, ки онҳо дар нигоҳ доштани тартиботи ҷамъиятӣ, ҳизфи оромию суботи ҳаёти мардум ва дар мубориза бо ҷинояткорони хавфнок саҳми арзандаи таҳсин доранд.Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо ёдоварӣ аз ғамхориҳои пайвастаи давлату ҳукумат баҳри муҳайё намудани тамоми шароити зарурӣ барои сохторҳои низомию амниятии кишвар, онҳоро ба хизмати софдилонаю содиқона ба халқу Ватан ҳидоят намуд.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






