Бунёди иншоот дар Восеъ вусъат мегирад
Восеъ, 24 сентябр. (АМИТ «Ховар», С. Холов).- Бо дастгирии ҳукумати ноҳияи Восеъ ва маблағгузории яке аз соҳибкорон дар деҳаи Ғаллазори ноҳия мактаби замонавӣ мавриди истифода қарор гирифт. Мактаби мазкур аз панҷ синфхона ва ду утоқи корӣ иборат мебошад, ки дар он дар як баст 120 нафар хонанда ба таълим фаро гирифта мешавад. Роҳбарияти ноҳия ба сокинони деҳа ва сохтмончиён, ки дар бунёди босифати иншоот саҳми арзандаи хешро гузоштанд, ифтихорномаю туҳфаҳои хотиравӣ такдим намуд. Ҳамчунин дар мавзеи Дашти Дилии деҳаи Кадучӣ як маркази саломатӣ кушода шуд, ки он минбаъд ба беш аз 2000 аҳолии деҳа хизмати тиббӣ хоҳад расонид. Зикр шуд, ки соҳибкори деҳа Сабзаалӣ Раҳмонов як қисми хонаи истиқоматии хешро ба муҳлати 15 сол ба ихтиёри кормандони соҳаи тибб гузоштааст. Ин бино аз панҷ ҳуҷра иборат буда, аз ҷониби раёсати тандурустии минтақаи Кӯлоб бо таҷҳизоти зарурии соҳавӣ таъмин гардид. Соҳибкорони ҷамоати деҳоти ба номи Мирзоалӣ Вайсов то охири соли ҷорӣ ба истифода додани боз якчанд иншооти ниёзи мардумро ба нақша гирифтаанд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






