Чинор Рустамова: «Ҳамеша ҷонибдори мақеъ ва манфиати Тоҷикистон ҳастам»

Сентябрь 18, 2013 15:59

Душабе, 18 сентябр. (АМИТ «Ховар», Афшини Муқим).-Аснои мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Туркманистон Чинор Рустамова, ки бино ба сабаби анҷоми рисолати дипломати туркман баргузор шуд, диораи васеи ҳамкориҳои ду кишвар дар бахшҳои иқтисоду сиёсат, илму фарҳанг ва савдо мавриди муҳокима қарор гирифт. Чинор Рустамова гуфт: «Зимни ин мулоқот мо бо Президенти Тоҷикистон бар он назар будем, ки ҷараёни ҳамкориҳои Тоҷикистону Туркманистон, ки сол ба сол рушду густариш меёбанд, бояд аз сатҳи минтақавӣ ба сатҳи ҷаҳонӣ расонида шавад»Дипломати туркман бо ёдоварӣ аз урфу одат ва анъанаҳои таърихӣ ва муштараки Тоҷикистону Туркманистон иброз намуд, ки имзои созишномаи сеҷониба ҷиҳати бунёди роҳи оҳани Тоҷикистон – Афғонистон – Туркманистон дар таърихи ҳамкориҳои мо саҳфаи наверо боз намуд ва ин лоиҳа аллакай бомаром татбиқ шуда истодааст».Дар охири изҳороташ бо намояндагони васоити ахбори омма Чинор Рустамова гуфт: «Ҳарчанд рисолати дипломатии ман дар Тоҷикистон ба анҷом мерасад, аммо ман дар ҳар ҷое, дар ҳар вазифае ки ҳастам, ҳамеша аз манфиат ва мавқеи Тоҷикистон, ки бароям хеле азиз аст, пуштибонӣ хоҳам кард».

Сентябрь 18, 2013 15:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад