Дармонгоҳи сайёр дар Хатлон
Қӯрғонтеппа, 12 сентябр. (АМИТ «Ховар», Мурод Сотиев). – Чанде пеш дар шаҳри Қӯрғонтеппа маросими ботантанаи супурдани комплекси ташхису муолиҷаи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Комплекси мазкур дар заминаи дармонгоҳи сайёри вилояти Хатлон ифтитоҳ шудааст.Тавре ки аз Раёсати тандурустии вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ин лоиҳаи муштараки Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони минтақавии ҷамъиятии «СПИД инфосвязь» — и Русия ба такмили низоми ҷилавгирии ВИЧ/СПИД ва бемориҳои сирояткунандаи гуруҳҳои осебпазири аҳолӣ мусоидат мекунад.Дармонгоҳи сайёр дар ҳудуди вилояти Хатлон ба ташхиси маҷҷонии беморон машғул мешавад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






