Дастрасии таҷҳизоти муосир ба Маркази репродуктивии Кӯлоб
Кӯлоб, 23 сентябр. (АМИТ «Ховар», С. Холов).- Дар маркази солимии репродуктивии шаҳри Кӯлоб беҳтарин мутахассисон ба кор ҷалб шуда, ҳамарӯза ба муоина ва табобати занон машғуланд. Ин марказ дар асоси барномаҳои давлатӣ фаъолият мекунад.Мақсади асосии кормандони соҳаи тибб дар маркази мазкур ҳарчи бештар ба қайд ва зери назорат гирифтани занони ҳомиладор аст. Ҳоло дар шаҳри Кӯлоб ду маркази солимии репродуктивӣ амал мекунад ва дар ин марказҳо ҳар як зан дар давраи ҳомиладорӣ ҳафт маротиба аз ташхис мегузарад.. Беҳтар гардидани сатҳи хизматрасонии тиббӣ ба афзоиши шумораи муроҷиаткунандагон мусоидат кардаву таваллуд дар беморхонаҳо ба 93 фоиз расидааст. Вобаста ба пешрафти соҳаи тибб аз ҷониби Вазорати тандурустии кишвар ба ҳамаи нуқтаҳои тиббию беморҳонаҳо ва марказҳои солимии репродуктивӣ тачҳизоти муосири соҳавӣ дастрас гардидааст, ки кори табибонро дар ташхису муоинаи беморон осон мекунад. Ҳамин гуна таҷҳизоти муосир барои маркази солимии репродуктивии шаҳри Кӯлоб низ ҷудо гардидааст.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд






