Форуми Тоҷикистону Олмон оид ба энергетика
Душанбе, 12 сентябр. (АМИТ «Ховар» Фарзона Ашӯрмадова).- Имрӯз, 12-уми сентябр дар бӯстонсарои «Пуғуз»-и ноҳияи Варзоб Форуми ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Олмон оид ба энергетика баргузор мешавад.Тавре ки дар ин бора аз Вазорати энергетика ва саноати кишвар хабар доданд, дар кори Форум мутахассисони соҳаи энергетика аз ҳарду кишвар иштирок карда, оид ба истеҳсол ва коркарди энергетика дар Тоҷикистон ва ҳамкориҳои ҳардуҷонибро баррасӣ хоҳанд кард.Ёдрас мешавем, ки дирӯз, 11-уми сентябр ҳайати Олмон таҳти роҳбарии сафири ин кишвар дар Тоҷикистон Ҳолгер Грен бо вазири энергетика ва саноати Тоҷикистон Гул Шералӣ ҳамкориҳои ҳарду кишварро дар самти гидроэнергетика баррасӣ намуданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 12 дараҷа гарм мешавад
МегаФон Тоҷикистон: МегаҚувва гигабайтҳоро дучанд менамояд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд






