«Газпром» сармоягузориҳояшро дар Тоҷикистон афзун карданист
Душанбе, 18 сентябр. (АМИТ «Ховар», Афшини Муқим).- Дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси мудирияти Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Газпром»-и Федератсияи Русия Алексей Миллер як силосила масоили вобаста ба ҳамкориҳои мутақобилаи Тоҷикистон ва ин ширкати бонуфуз баррасӣ гардид. Алексей Миллер пас аз мулоқот бо Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъи хабарнигорон гуфт: «»Газпром»-и Федератсияи Русия тасмим дорад дар баробари фаъолияти густурдаи худро дар дигар минтақаҳои Тоҷикистон ба роҳ мондан, инчунин барои дар ин самт омода намудани мутахассисони тоҷик дар Русия саҳм бигирад».Алексей Миллер гуфт: «Газпром то имрӯз барои анҷоми корҳои ҷустуҷӯию геологӣ ва истихроҷи нафту газ беш аз панҷоҳ миллион доллари амрикоӣ харҷ намудааст ва дар нақша аст, ки дар ин самт сармоягузориҳо афзунтар гарданд».Тибқи иттилоъ раиси мудирияти Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Газпром»-и Федератсияи Русия Алексей Миллер дар дидораш бо Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дархости ширкати «Газпром» доир ба дарёфти иҷозатнома дар бораи кор дар дигар мавзеъҳои ояндадори Тоҷикистонро мавриди баррасӣ қарор додаанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






