Иди «Рӯзи Рӯдакӣ»
Душанбе, 20 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – Имрӯз, 20 сентябр, дар шаҳри Хуҷанд иди анъанавии «Рӯзи Рӯдакӣ» таҷлил мегардад. Мувофиқи хабари хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, дар ин рӯз бахшида ба шоири бузург Абу Абдулло Рӯдакӣ як қатор чорабиниҳо рӯи кор оварда, консерти мусиқии классикӣ намоиш дода мешавад. Дар намоишномаҳо бахшида ба «Рӯзи Рӯдакӣ» беш аз 50 нафар шоирону ҳунарпешагони вилояти Суғд ширкат менамоянд.Қобили зикр аст, ки «Рӯзи Рӯдакӣ» дар ҳамаи 18 минтақаи Суғд баргузор мешавад.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






