Ифтитоҳи бинои сеошёнаи иловагӣ дар мактаби № 13 ноҳияи Б. Ғафуров
Душанбе, 16 сентябр. (АМИТ «Ховар»).-Дар ҷамоати деҳоти Ҳайдар Усмонови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар ҳудуди мактаби миёнаи таҳсилоти ҳамагонии рақами 13 бинои сеошёнаи иловагӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки дорои 24 синфхона буда, барои 1450 хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст.Тавре зикр гардид, дар баробари сохтмони бинои нав иншооти пешинаи мактаб ҳам мавриди навсозӣ қарор гирифта, дар маҷмӯъ дар ин муассисаи таълимӣ барои 3700 нафар хонанда дар 2 баст шароит муҳайё гардидааст.Сохтмони бинои навбунёди мактаб моҳи феврали соли 2012 оғоз ёфта, бо харҷи қариб 5 миллион сомонӣ то имрӯз барои баҳрабардорӣ омода гардидааст.Бинои нави иловагии мактаб дорои синфхонаҳои муҷаҳҳази фаннӣ барои дарсҳои физика, кимиё, биология, забонҳои хориҷӣ ва ғайра мебошад. Синфҳои омӯзиши забонҳои хориҷӣ бо дастгоҳҳои лингофонӣ муҷаҳҳаз аст. Тавре зикр гардид, чунин шароитро то солҳои наздик ҳатто факултаҳои забономӯзии мактабҳои олии ҷумҳурӣ низ надоштанд.Мактаб, ҳамчунин дорои толори барҳавои маҷлисӣ, ошхонаи зебо, толори бузурги варзишӣ ва майдонҳои варзишӣ барои футбол, волейбол, баскетбол ва дигар бозиҳо мебошад.Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз шароити хуби дар ин мактаб муҳайёгардида, изҳори қаноату хушнудӣ карда, омӯзгорон ва падару модарони хонандагонро ба истифодаи босамар аз ин неъматҳои истиқлоли давлатии Тоҷикистон ва ваҳдату дӯстии мардуми кишвар ҳидоят намуд.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






