Ифтитоҳи корхонаи заргарӣ дар ҷамоати деҳоти Шугнови ноҳияи Ховалинг
Душанбе, 29 сентябр (АМИТ «Ховар»).-Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз маркази ноҳияи Ховалинг ба ҷамоати деҳоти Шугнов ташриф оварда, нахуст дар маросими ифтитоҳи як корхонаи заргарӣ иштирок намуд.Тавре иттилоъ дода шуд, ин корхона бо супориши Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бунёд ёфта, дар он 30 нафар ба кори заргарӣ ҷалб карда шудаанд. Ояндаи наздик шумораи коргарон то ба 60 нафар расонда мешавад.Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкорони маҳаллӣ барои дастгирӣ ва пуштибонӣ аз сиёсати хайрхоҳона ва бунёдкоронаи роҳбари давлат ва Ҳукумати кишвар арзи сипос карда, бо хушнудӣ изҳор дошт, ки акнун як ҳисса аз тиллою нуқраи аълосифати Шугнов дар худи ҳамин маҳал коркард шуда, чун маҳсулоти тайёри ниҳоӣ ба бозор пешниҳод мегардад. Ҳамчунин таъкид гардид, ки коркарди тиллою нуқра ва дигар маъданҳою сангҳои гаронарзиши Тоҷикистон бояд дар дохили кишвар васеъ ба роҳ монда шавад. “Ин кор имкон медиҳад, ки боз садҳо ва ҳазорон ҷойҳои нави корӣ муҳайё гардида, иқтидори истеҳсолӣ ва содиротии кишвар афзун шавад”, таъкид намуд Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон. Ҳамчунин маслиҳат дода шуд, ки коркарди тиллою нуқра бо навтарин технологияи муосир ба роҳ монда шавад, то маҳсулоти тайёри заргарии мо ба бозори ҷаҳонӣ роҳ ёбад.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд






