Ифтитоҳи мактаби хонандагони болаёқат дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
Душанбе, 17 сентябр. (АМИТ «Ховар»).-Бегоҳии дирӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ташриф оварда, дар маросими ифтитоҳи мактаби хонандагони болаёқат ва варзишгоҳи дорои 7 ҳазор ҷойи нишаст иштирок намуд.Дар ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон нахуст мактаби хонандагони болаёқат, ки барои 640 нафар пешбинӣ гардидааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.Бинои мактаб аз 3 ошёна иборат буда, дорои 24 синфхона, аз ҷумла синфҳои компютерӣ, ташхисгоҳ ва озмоишгоҳҳои фаннӣ мебошад. Сохтмони иншоот соли 2012 оғоз ёфта, то имрӯз бо харҷи беш аз 11 миллион сомонӣ ба поён расонда шуд.Тавре зикр гардид, дар ин мактаб, ҳамчунин то 150 нафар хонандагони болаёқат аз тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят ва дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ қабул карда мешаванд.Мактаб аз бинои иншооти гуногун ва утоқу толорҳои зиёд иборат буда, дорои тамоми шароити зарурӣ барои таълиму тарбияи сатҳи баланди хонандагон мебошад. Толори маҷлисии мактаб тавре бунёд ёфтааст, ки дар он метавонанд чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ низ ба роҳ монанд.Мактаб дорои толори калони варзишӣ ва ҳам майдонҳои васеъ барои бозиҳои гуногуни варзишӣ мебошад.Таҳхонаи мактаб низ босамар истифода мегардад, зеро дар он 2 коргоҳи дарсҳои дӯзандагӣ барои духтарон ва ошхона ҷойгир шудаанд. Ошхонаи мактабӣ бо назардошти таъмини шароити матлуби санитарию гигиенӣ бунёд ёфта, дорои дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ ва толори барҳаво мебошад.Хобгоҳи мактаб, ки бинои боҳашамати дуошёна мебошад, дорои 32 утоқи муҷаҳҳази хоб ва утоқу толорҳои дарстаёркунӣ ва истироҳату фароғат буда, барои 280 нафар пешбинӣ гардидааст.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






