Ифтитоҳи Маркази истеҳсолӣ-таълимӣ дар Ҷамоати деҳоти Боқӣ Раҳимзодаи ноҳияи Рашт
Душанбе, 25 сентябр (АМИТ «Ховар»).- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷамоати деҳоти Боқи Раҳимзода ташриф оварда, бинои навбунёди маркази истеҳсолӣ – таълимӣ ва лагери истироҳатиро барои 180 нафар хонанда расман ифтитоҳ намуд.Тавре аён гардид ин муассисаи истеҳсолии таълимӣ барои дастгирии фарзандони оилаҳои ниёзманд ва ятиму бепарастор фаъолияташро ба роҳ монда, дорои 22 утоқи кориву омузиши аз ҷумла синфхонаи компютерӣ, дӯзандагӣ ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ мебошад. Хамчунин дар ин марказ 30 нафар бо ҷои кори доимӣ таъмин гардидааст. То имрӯз курси семоҳаи дӯзандагиро 90 нафар духтар хатм намуда 100 нафар ҷавон низ забони англисиро аз худ намуданд.Барои бо усули замонавии оддӣ ва мутобиқу кам харҷ парвариш намудан ва омӯзонидани аҳолӣ бо ин технология дар Маркази истеҳсолӣ – таълимӣ 5 мурғхона ташкил карда шудааст, ки дар онҳо 2 ҳазору 500 сар мурғ парвариш карда мешавад.Бо мусоидати ташкилоти «Рафоқати байналмилалӣ» дар ноҳияи Рашт дар ҷамоати Боқӣ Раҳимзода лоиҳаҳое татбиқ мешаванд, ки ба паст намудани сатҳи камбизоатии аҳолӣ ба маблағи беш аз 2 млн. доллари ИМА барои соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва бахши иҷтимоию иқтисодӣ равона гардидаанд.Ҳамчунин се ҳавзи моҳипарварӣ ташкил гардида, мутахассисон дар ин ҳавзҳо парвариши гулмоҳиро ба роҳ мондаанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






