Ифтитоҳи Маркази маъмурию тиҷоратии Рӯдакӣ-Плаза бо иштироки Сарвари давлат
Душанбе, 5 сентябр. (АМИТ «Ховар». -Бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар хиёбони Рӯдакии пойтахт маркази маъмурӣ ва тиҷоратии Рӯдакӣ-Плаза, ки бо се ошёнаи зеризаминӣ аз 14 қабат иборат аст, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Зимни шиносоӣ, аз ҷумла иттилоъ дода шуд, ки дар ин марказ то имрӯз барои 135 нафар кори доимӣ муҳайё гардидааст.Чунонки аён гардид, дар се ошёнаи зеризаминии он барои 105 мошин таваққуфгоҳ ва дар се ошёнаи аввали рӯизаминӣ бузургтарин фурӯшгоҳ – супермаркет дар ҷумҳурӣ ҷойгир шудааст. Ошёнаи якуми супермаркет барои хӯрокворӣ пешбинӣ шудаст, ки дар он тамоми анвои ин маҳсулот аз дохил ва хориҷи кишвар барои ҳама гуна харидорон пешниҳод мегардад. Тамоми маҳсулоти хӯрокворӣ хушсифат ва дорои сертификати зарурӣ мебошад.Ошёнаи дуюми супермаркет барои фурӯши либосворӣ ва пойафзол пешбинӣ шудааст. Дар шуъбаҳои гуногуни он маҳсулот аз корхонаю ширкатҳои маъруфи дохил ва хориҷи кишвар, аз ҷумла аз ширкатҳои дорои нуфузи ҷаҳонӣ, ё худ либосворию пойафзоли ба истилоҳ “брендӣ” пешкаши мизоҷон гардидааст.Дар қабати сеюми супермаркет фурӯшгоҳҳои атриёт ва ҷавоҳирот ҷойгир шудаанд, ки дар онҳо анвои бешумори маҳсулоти ин соҳаҳо дастрас аст.Чунонки иттилоъ доданд, нуқтаҳои фурӯши маҳсулот иҷоравӣ буда, барои 2-3 моҳи аввали фаъолият ба тоҷирон бе иҷорапулӣ дода шудаанд.Дар 8 ошёнаи болоии маркази Рӯдакӣ Плаза утоқҳои корӣ ҷойгир шудаанд, ки ба хоҳишмандон ба таври иҷора пешкаш мегарданд.
Дар ин бора ба АМИТ “Ховар” аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






