Ифтитоҳи як қатор иншооти хизматрасонӣ дар ноҳияи Ҷиргатол
Душанбе, 26 сентябр (АМИТ «Ховар»).-Дар маркази ноҳияи Ҷиргатол ҳамчунин бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон меҳмонхона ва тарабхона ба истифода дода шуд.Сардори давлат лентаи рамзиро бурида, дар маросими хонадоршавии 5 ҷуфти ҷавон иштирок намуд.Президенти мамлакат оилаҳои ҷавонро бо рӯзи хурсандиашон табрик карда, ба онҳо телевизор, қолин ва дигар лавозимоти рӯзғор туҳфа намуд.Аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба 100 нафар кӯдак аз оилаҳои ниёзманд туҳфаҳои хотиравӣ ва ба 6 нафар ятими кул дафтарчаҳои амонатӣ аз Бонки давлатии амонатгузории Амонатбонк бо пасандоз тақдим карда шуд.Сарвари давлат дар ноҳияи Ҷиргатол ба фаъолият маркази маъмурию тиҷоратии Ваҳдат-Плаза оғози расмиӣ бахшид.Маркази маъмурию тиҷоратӣ дорои сехи дӯзандагӣ барои 30 ҷойи корӣ ва мағозаи фурӯши матоъ мебошад.Иншооти мазкур аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ Раҳмиддин Асоев бунёд гардидааст.Сардори давлат нахуст ба сехи дӯзандагӣ ворид шуда, бо шароити кории занону духтарон шинос шуд.Тавре маълум гардид, ин нахустин сехи дӯзандагӣ дар маркази ноҳия Ҷиргатол ба ҳисоб меравад. Як сехи дӯзандагии дигар дар ҷамоати деҳоти Лахши ноҳия фаъолият дорад, ки дар он 20 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин мебошанд.Дар коргоҳи дӯзандагӣ либосҳои ягонаи мактабӣ барои хонандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Ҷиргатол омода карда мешавад.Бо ҳидояти Президенти мамлакат соҳибкор уҳдадор шуд, ки боз дар ошёнаи 2-юми бино як коргоҳи дӯзандагӣ ташкил намуда, 100 ҷойи нави корӣ муҳайё месозад. Хамчунин маоши кормандонро аз 300 ба 500 сомонӣ мерасонад. Дар ин коргоҳи дӯзандагӣ як духтари маъюби гуруҳи як, сокини ноҳияи Ҷиргатол Гулнигор Исмоилова фаъолият дорад, ки бо ҳидояти Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон соҳибмулк ба ӯ тӯли ҳар моҳ 1000 сомонӣ маош медиҳад.Бо пешниҳод ва ҳидояти сарвари давлат дар ҷойи мағозаи фурӯши матоъ барои 50 нафар коргоҳи дӯзандагӣ таъсис дода мешавад. Дар оянда кормандони сехи дӯзандагӣ нақша доранд дӯхти либосҳои махсуси кориро низ ба роҳ монда, тамоми муассисаҳои миёнаи таълимиро бо либоси ягонаи мактабӣ таъмин хоҳанд намуд.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






