Имзои созишнома
Душанбе, 20 сентябр. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – Чанде пеш дар Вазорати молияи ҶТ Созишнома барои гирифтани бурс аз рӯи Лоиҳаи «Ташаккули устуворият нисбат ба тағйири иқлими ҳавзаи дарёи Панҷ» байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки рушди Осиё имзо гардид. Созишномаро Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафаралӣ Наҷмуддинов ва Намояндаи доимии Бонки рушди Осиё дар Тоҷикистон Си Си Ю имзо намуданд. Тавре ки аз хадамоти матбуоти Вазорати молияи кишвар ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, мақсад аз ин лоиҳа коҳиш додани таъсири манфии тағйири иқлими ҳавзаи дарёи Панҷ бо василаи ташкили низоми устувори муҳофизат аз обхезӣ ва рушди системаи обёрӣ мебошад. Арзиши умумии лоиҳа 24 миллиону 700 ҳазор доллари ИМА – ро ташкил медиҳад.Татбиқи лоиҳаи мазкур моҳи сентябри соли 2013 оғоз ёфта ва соли 2018 анҷом меёбад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






