Иштироки Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷаласаи навбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъии давлатҳои аъзои СААД
Душанбе, 24 сентябр (АМИТ «Ховар»).- Дар шаҳри Сочии Федератсияи Русия ҷаласаи навбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъии давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) баргузор гардид.Барои иштирок дар ин ҳамоиш сарони давлатҳои аъзои ин созмон – Арманистон, Беларус, Русия, Тоҷикистон Қирғизистон ва Сарвазири Қазоқистон ҷамъ омаданд.Тавре аён гардид, яке аз масъалаҳои асосии ҷаласа кумаки давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ба Тоҷикистон барои пурзӯр намудани ҳифзи марзи давлатӣ бо Афғонистон буд. Ин масъала дар бастагӣ ба бароварда шудани нерӯҳои байналмилалии посдори сулҳ аз Афғонистон дар соли 2014 пешниҳод шудааст.Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ ба натиҷаҳои кори гурӯҳи коршиносони СААД, ки муддате дар сарҳади миёни Тоҷикистону Афғонистон ниёзмандиҳои Қӯшунҳои марзии кишвари моро мавриди омӯзиш қарор дода буданд, баҳои баланд дод. Изҳори боварӣ карда шуд, ки “кунун мо ба марҳилаи расондани кумаки амалии ҳарбию техникӣ ба Тоҷикистон барои пурзӯр намудани ҳифзи марзи давлатӣ бо Афғонистон ворид мешавем”.Сарони дигар давлатҳои аъзои созмон низ зарурати қабули қарори дахлдорро дар ин бора тасдиқ намуданд.Ҳамин тариқ дар охири ҷаласа як қатор қарорҳои муҳим аз ҷониби сарони давлатҳо ба имзо расид, ки яке аз онҳо қарори Шӯрои амнияти дастаҷамъии давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ дар бораи кумаки ҳарбию техникӣ ба Қӯшунҳои марзии Тоҷикистон мебошад.Зимни изҳороти матбуотӣ Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин бори дигар ба авзои кунунӣ ва ояндаи Афғонистон таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намуда, таъкид дошт, ки давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва хусусан Русия ба Тоҷикистон кумаки амалию воқеиӣ мерасонанд.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






