Истиқболи ҷашни Истиқлол бо ҳавои гарми саудӣ
Душанбе, 4 сентябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Сокинони Тоҷикистон ҷашни 22-юмин солгарди Истиқлолияти давлатиро соли равон зери ҳавои гарму хушки саудӣ истиқбол менамоянд, зеро назар ба иттилои ҳавошиносони кишвар аз 6 то 9 сентябр ба Тоҷикистон аз биёбонҳои Арабистони Саудӣ ҳавои гарму хушк ҳаракат намуда, дар ин рӯзҳо ҳарорати ҳаво дар минтақаи ҷануби кишвар-вилояти Хатлон ба 40-41 дараҷа мерасад. Дар водиҳои вилояти Суғд ва навоҳии тобеи кишвар ҳаво 37-39 дараҷа гарм, дар ғарби Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон 30-37,дар куҳҳо 30-35 ва дар Душанбе 36-38 дараҷа гарм мешавад. Парвина Саидҷамолова-мудири шуъбаи пешгӯии боду ҳавои Муассисаи давлатии ҳавошиносии кишвар мегӯяд, ки дар моҳи сентябр баланд гардидани ҳарорати ҳаво дар ҷумҳурӣ ҳолати ғайримуқаррарӣ буда, чунин гармӣ танҳо дар фасли тобистон мушоҳида мешавад. Қаблан чунин ҳавои гарм дар фасли тирамоҳ дар кишварамон ба қайд гирифта шуда буд. Масъули ниҳоди ҳавошиносии кишвар афзуд, ки баланд гардидани ҳарорати ҳаво дар ҷумҳурӣ ягон нигаронӣ надорад. Ин маротибаи дуюм аст, ки дар соли равон ҳавои гарми саудӣ меҳмони Тоҷикистон мегардад. Маротибаи аввал, аниқтараш охири моҳи июл ва аввали август, вақте, ки мусулмонони кишвар дар моҳи шарифи Рамазон рӯза медоштанд, ба ҷумҳурӣ ҳавои гарму хушки саудӣ вазида буд ва ҳарорати гармии ҳаво зери 50 дараҷа қарор дошт. Имрӯз ҳаво дар пойтахти ҷумҳурӣ -шаҳри Душанбе рӯзона 33-35 ва шабона 14-16 дараҷа гарм мешавад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






