Конфронси иқтисоддонони Кӯлоб
Душанбе, 12 сентябр. (АМИТ «Ховар»). – Маркази бозори озоди Тоҷикистон зимни ҳамкорӣ ва бо дастгирии молиявии Бунёди Фридрих Науманн, ҳамчунин бо иштироки Созмони ҷамъиятии «Калиди дониш» 15 сентябр дар шаҳри Кӯлоб бори нахуст бахшида ба мавзӯи савдои ҷаҳонӣ конфронси озодии иқтисодиро доир менамояд. Тавре ки аз Маркази бозори озоди Тоҷикистон хабар доданд, дар конфронс мавзӯҳои «Савдои озод», «Маблағгузорӣ ва рушди иқтисодиёт», ҳамчунин масъалаи мубрами «Иқтисодиёти Тоҷикистон дар ҳошияи воридшавӣ ба Созмони умумиҷаҳонии савдо» мавриди муҳокима қарор мегиранд.Мақсади асосии ташкили чунин чорабиниҳо рушди интеллектуалии ҷавонони фаъол мебошад.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






