Корхонаҳои нассоҷӣ ва дӯзандагии Тоҷикистон дар “Текстиллегпром”
Душанбе, 23 сентябр (АМИТ «Ховар»).- Даҳ ширкат аз Тоҷикистон дар яке аз бузургтарин намоишгоҳҳои байналмилалии нассоҷӣ ва либосвории Федератсияи Русия — намоишгоҳи “Текстиллегпром” (www.textilexpo.ru) дар шаҳри Маскав иштирок мекунанд. Аз 24-ум то 27-уми сентябри соли 2012 корхонаҳои нассоҷиву дӯзандагии «Зинат», «Лидер», «Нафиса», «Неку Хуҷанд», «Ноҳид», «Ортекс», «Раҳимов А.А.», «Спитамен Текстайлз», «Текстил Сити» ва «Тента Кӯлоб» маҳсулоти худро дар 41-умин намоишгоҳи байналмилалии “Текстиллегпром”, ки азимтарин намоишгоҳи махсус дар Русия мебошад, ба намоиш мегузоранд. Ин сафар дар чаҳорчӯбаи барномаи тозатаъсиси “Тақвияти рақобатпазирии содиротии корхонаҳои хурду миёнаи соҳаи нассоҷиву дӯзандагӣ ва рушди тавоноии ниҳодҳои пуштибони тиҷорат дар Тоҷикистон” сурат мегирад. Барномаи мазкур аз ҷониби Маркази тиҷорати байналмилалӣ (МТБ) амалӣ ва аз ҷониби Идораи давлатии Швейтсария дар умури иқтисод (СЕКО) маблағгузорӣ мешавад. Намоишгоҳи “Текстиллегпром” соли саввум пайдарҳам мизбони корхонаҳои нассоҷӣ ва дӯзандагии Тоҷикистон мегардад. Намоишгоҳи мазкур пас аз таҳлили амиқи таъсири эҳтимолии мусбати он ба фаъолияти корхонаҳои Тоҷикистон аз нигоҳи замон ва макони баргузорӣ интихоб гардид. Ба андешаи Саидмуъмин Камолов, раҳбари дафтари МТБ дар Тоҷикистон, «иштироки корхонаҳои Тоҷикистон дар намоишгоҳи Маскав имкони хубест, то онҳо маҳсулоти худро дар саҳнаи байналмилалӣ намоиш диҳанд, бо харидорони эҳтимолӣ робитаи мустақим барқарор намоянд ва ҷуғрофиёи бозори худро тавсеа бахшанд.” Ҷаноби Камолов, ҳамзамон, таъкид мекунад, ки “иштирок дар ин намоишгоҳ бар иловаи афзудани имкониятҳо, боз корхонаҳои Тоҷикистонро ба чолишҳое бинобар рақобати шадид дар бозор рӯбарӯ хоҳад кард.”“Текстиллегпром”, ки боз ҳамчун Намоишгоҳи тиҷоратии федералии нассоҷӣ ва маҳсулоту таҷҳизоти саноати сабук шинохта мешавад, соле ду бор тақрибан 2000 ширкати тиҷоративу саноатиро ҷамъ меоварад. Теъдоди меҳмонони намоишгоҳ ба 35000 нафар мерасад.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






