Л.Слутский барномаи сафари С.Наришкинро тарҳрезӣ намуд
Душанбе, 12 сентябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Тавсеаи ҳамкориҳои судманди Тоҷикистону Русия дар меҳвари мулоқоти Маҳмадсаид Убайдуллоев -раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ ва Леонид Слутский -раиси кумита оид ба корҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил /ИДМ/ ва робита ба ҳамватанони Думаи Давлатии Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия қарор дошт.Мусоҳибон доир ба таҳкими равобити ҳасанаи Тоҷикистону Русия дар соҳаҳои сиёсию иқтисодӣ, иҷтимоию гуманитарӣ ва байнипарлумонӣ табодули назар намуда, сафари қарибулвуқуи Сергей Наришкин -раиси Думаи давлатии Русия ба Тоҷикистонро қадами устуворе дар тақвияти равобити Душанбею Маскав арзёбӣ карданд.Ҳамзамон дар мулоқот масъалаҳои вобаста ба тавсеаи ҳамкориҳои гуманитарӣ, хусусан фаъолияти донишгоҳҳои Русия дар Тоҷикистон, афзун намудани мактабҳои русӣ ва курсҳои омӯзиши забони русӣ, андешидани тадбирҳои иловагӣ ҷиҳати ба танзим даровардани раванди муҳоҷирати меҳнатӣ ва ҳимояи ҳуқуқҳои онҳо матраҳ гардиданд.Бояд зикр кард, ки ҳадафи боздиди Леонид Слутский аз Тоҷикистон-ин тарҳрезӣ намудани барномаи сафари қарибулвуқӯи Сергей Наришкин -раиси Думаи Давлатии Русия ба Тоҷикистон мебошад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






