Мактаби Азимов
Ҳисор, 2 сентябр. (АМИТ «Ховар, Ҳотам Рабиев).- Бузург ва хеле муътабар будани қадри устод-муаллим боз як бори дигар дар суханронии меҳмонон ва хонандагони мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 52-и ноҳияи Ҳисор ба таври нишонрас садо дод. Дар ҷамъомади тантанавие, ки ба муносибати оғози соли нави таҳсил ва номгузорӣ шудани мактаби мазкур ба номи собиқадори соҳаи маориф Иззат Азимов баргузор гардид, раиси ноҳияи Ҳисор Усмон Сабзов, шахсияти шинохта Ҷамолиддин Мансуров ширкат ва суханронӣ намуданд. Ҳамчунин директори мактаб Шарофат Шарифова ва хонандагони таълимгоҳ аз хизматҳои шарафманди собиқ директори мактаб, шодравон Иззат Азимов, ки номи дабистонро дар кулли ҷумҳурӣ ба некӣ бароварда буд, ёдовар шуданд.Шогирдони мактаби мазкур, ки алҳол дар вазифаҳои хеле масъул чӣ дар дохили ҷумҳурӣ ва чӣ дар хориҷи он содиқона заҳмат мекашанд, аз хизматҳои устоди азизи хеш Иззат Азимов як умр миннатдоранд.Хизмати содиқона, дили соф, ростқавлиҳои устод номи ӯро ҳанӯз дар зиндагиаш ба некӣ машҳур карда буд, зеро дар ҳамон солҳо ҳам ин мактабро мактаби Азимов ном мебурданд. Акнун баъди маргаш мактаби мазкур расман номи ӯро гирифт.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






