Мехоҳед таваққуфгоҳ ва дӯкони гулфурӯширо ба иҷора гиред?
Душанбе, 13 сентябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Шаҳрдории Душанбе тасмим гирифтааст, ки се таваққуфгоҳи мошинҳоро, ки дар кӯчаи Неъмат Қарабоев воқеъ аст, ба иҷора диҳад. Дар робита ба ин шаҳрдорӣ озмун эълон намудааст. Ин таваққуфгоҳҳо, ки ба иҷора дода мешаванд, яке дар назди «Бозори Саховат» бо масоҳати 1957 метри мураббаъ, дигаре дар назди бозори «Панҷшер» бо масоҳати 2895 метри мураббаъ ва саввумӣ дар назди бозори «Ганҷина» бо масоҳати 2088 метри мураббаъ қарор доранд. Ҳамзамон дар гузаргоҳи зеризаминии чорроҳаи хиёбони Рӯдакӣ-кӯчаи Фотеҳ Ниёзӣ, ки миёни мардум ҳамчун гузаргоҳи зеризаминии ЦУМ маъмул аст ва дар соли равон таъмиру таҷдид гардидааст, як дӯкони гулфурӯшӣ бо масоҳати 88,16 метри мураббаъ ба иҷора супорида мешавад. Пардохти кафолатнок ҷиҳати иштирок дар озмун дар ҳаҷми 10 нишондиҳанда барои ҳисобҳо муайян шудааст ва дар сурати ғолибият, иҷорагир ба суратҳисоби иҷорадиҳанда боҷи комиссионӣ 5% аз ҳаҷми иҷорапулии солона ва боҷи давлатӣ 0,1 % аз ҳаҷми иҷорапулии солона пардохт менамояд. Озмун 20 сентябри соли равон дар бинои шаҳрдории Душанбе баргузор мешавад.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






