Муҳоҷират ва ВАО
Душанбе, 13 сентябр. (АМИТ «Ховар», Л. Қосимова).-27 сентябри соли равон дар толори Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ҷашни 35-солагии фаъолияти эҷодии журналисти шинохта, Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муаллифи китоби ҳуҷҷатии «Тоҷикон дар Русия» Талабшо Холиқзод баргузор мегардад. Дар доираи он баргузории мизи гирд таҳти унвони «Муҳоҷират ва ВАО» бо иштироки намояндагони Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати ҶТ, намояндагони ВАО-и дохилию хориҷӣ, роҳбарони ҷамъиятҳои миллию фарҳангии тоҷикон, ки дар ФР расман фаъолият доранд, дар назар аст. Дар нишаст масъалаҳои марбут ба муҳоҷират ва инъикоси муҳоҷират дар ВАО баррасӣ хоҳанд гашт.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






