Муҳокимаи масъалаи энергияи устувор дар Қафқоз
Душанбе, 3 сентябр. (АМИТ «Ховар»). – Дар ҳошияи Созишномаи раисони шаҳрҳо бахшида ба мақоми ниҳодҳои миллию минтақавии ҳокимият дар мубориза бо тағйири иқлим ва самарбахшии захираҳои истифодашаванда аз 5 то 6 сентябр дар Гурҷистон ҳамоиш баргузор мегардад.
Дар ин чорабинӣ ба таҷрибаи амалии менеҷменти самарабахши энергетикӣ, ки мақсад аз он коҳиш додани партовҳои кимиёвӣ мебошад, таваҷҷӯҳи хоса зоҳир мегардад.
Тавре ки аз намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон хабар доданд, дар ҳамоиши дурӯза коршиносони бахши энергетикаи Тоҷикистон, Қафқоз, Украина, Молдова, Қазоқистон, ҳамчунин намояндагони муассисаҳои маблағгузории байналмилалӣ иштирок менамоянд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст






