Мулоқоти А. Ширинов бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ
Душанбе, 24 сентябр. (АМИТ «Ховар»). — Дар мулоқоте, ки имрӯз, 24 сентябри соли равон раиси Бонки миллии Тоҷикистон Абдуҷаббор Ширинов бо ҳайати Бонки ҷаҳонӣ таҳти сарварии роҳбари бахши хусусӣ ва молиявии бонки номбурда оид ба минтақаи Аврупо ва Осиёи марказӣ Палома Анос Касеро баргузор намуд, масъалаҳои ҳамкориҳои мавҷудаи дуҷонибаи судманд ва дурнамои онҳо мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Аз ҷумла, дар ҷараёни вохурӣ ва мулоқоти муфид ҷонибҳо аз натиҷаҳои хуби ҳамкориҳои коршиносони Бонки ҷаҳонӣ ва Бонки миллӣ дар бахши назорати бонкӣ, навсозии низоми пардохти Бонки миллии Тоҷикистон ёдовар шуда, иброз намуданд, ки дар ин ҷода таҷрибаи бой ва қобили дастгирӣ ба даст омадааст. Дар мавриди дурнамои идомаи муносибатҳои дуҷониба хонум Палома Анос Касеро ва Абдуҷаббор Ширинов ҷонибдории худро барои дар амал татбиқ намудани Лоиҳаи бахши молиявӣ, ки яке аз ҷузъҳои он инкишоф ва назорати бозори суғуртаро дар бар мегирад, баён карданд. Ҳамчунин дар ҷараёни баррасии ин масъала изҳор гардид, ки коршиносони Бонки ҷаҳонӣ ва Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади ба даст овардани натиҷаи дилхоҳ болои лоиҳаи номбурда мулоқоту машварат ва музокироти кориро идома хоҳанд дод.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






