Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Нурсултон Назарбоев
Душанбе, 12 сентябр (АМИТ «Ховар»).- Бегоҳии рӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бишкек бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев мулоқот намуд.Дар вохӯрӣ масоили вобаста ба муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории судбахши ду кишвар баррасӣ шуд.Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки аз ҷиҳати ҳаҷми гардиши молу маҳсулот бо Тоҷикистон Қазоқистон дар миёни кишварҳои пасошӯравӣ пас аз Русия дар ҷойи дуюм қарор дорад.Бо изҳори қаноатмандӣ аз заминаи қавии қарордодию ҳуқуқии миёни ду кишвар, ҳамзамон таъкид гардид, ки имконоти истифоданашуда барои густариши бештари робитаҳо ҳанӯз зиёданд. Аз ҷумла, таъкид гардид, ки имконоти Хазинаи сармоягузории мустақими Тоҷикистону Қазоқистон бояд ҳарчи зудтар фаъол карда шавад. Фаъолияти бештари комиссияи байниҳукуматии ҳамкории иқтисодӣ низ матлуб дониста шуд.Бо таваҷҷуҳи зиёд ба масоили омодагӣ ба сафари расмии Президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ба Тоҷикистон ва баргузор намудани нахустин ҷаласаи Шӯрои олии ҳамоҳангсозии байнидавлатӣ дар шаҳри Душанбе изҳори боварӣ карда шуд, ки он ба густариши робитаҳои судбахши ду кишвар такони ҷиддӣ мебахшад.Гуфтугӯйи судманд, ҳамчунин доир ба соддагардонии фазои ҳуқуқии будубоши шаҳрвандони ду кишвар дар қаламрави ҳамдигар, густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика, нақлиёту коммуникатсия, маориф, илму фарҳанг ва дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳ сурат гирифт.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






