Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Си Ҷинпин
Душанбе, 12 сентября (АМИТ «Ховар»).- Дар шаҳри Бишкек Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нахуст бо Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин мулоқоти судманди дуҷониба анҷом дод.Дар мулоқот паҳлӯҳои гуногуни муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории судманди ду кишвар баррасӣ шуд.Бо ёдоварӣ аз натиҷаҳои сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин, ки моҳи майи соли равон ҷараён гирифта буд, аз баромадани муносиботи ду кишвар ба сатҳи ҳамшарикии стратегӣ изҳори қаноат карда шуд.Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин аз қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин доир ба кашидани лӯлаи гази Туркманистон-Чин аз тариқи қаламрави Тоҷикистон изҳори қаноат кард.Ҷоннок намудани корҳо барои таҳия ва пешниҳоди барномаи ҳамкории гуногунҷанбаи ду кишвар барои солҳои наздик зарур шумурда шуд.Густариши робитаҳо дар доираи Созмони ҳамкории Шанхай аз самтҳои афзали муносиботи Тоҷикистону Чин номида шуд.Таваҷҷуҳи зиёд ба ҳамгироии дуҷониба ва бисёрҷониба барои мусоидат ба эҳёи иқтисодиёт ва ҳаёти осоишта дар Афғонистон ва мубориза бо падидаҳои терроризму ифротгароӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир зоҳир гардид. Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт: “яке аз беҳтарин роҳҳои эҳёи амну субот дар Афғонистон афзун намудани ҳамкории иқтисодӣ бо ин кишвар ва ҷалби ҳарчи бештари он ба лоиҳаҳои минтақавӣ мебошад”. Ӯ ҳамчунин таъкид дош, ки “мардуми Афғонистон бояд дар симои мо дӯстони самимӣ ва шарикони боэътимодро бубинанд”.Дар охир Эмомалӣ Раҳмон аз Си Ҷинпин даъват намуд, ки барои таъмини густариши бештари робитаҳои ду кишвар ба Тоҷикистон бо сафари расмӣ ташриф биёрад. Даъват бо қаноатмандӣ пазируфта шуд.Пас аз анҷоми мулоқот дар ҳузури сарони ду давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Си Ҷинпин як созишномаи байниҳукуматӣ доир ба кашидани лӯлаи интиқоли гази табиӣ аз Туркманистон ба Чин аз тариқи қаламрави Тоҷикистон ба имзо расид.Тавре иттилоъ доданд, масофаи ин лӯла дар ҳудуди Тоҷикистон беш аз 400 километрро ташкил дода, то охири соли 2016 бояд мавриди баҳрабардорӣ қарор гирад. Бо он ҳар сол 25-30 миллиард метри мукааб гази табиӣ аз Туркманистон ба Чин интиқол дода хоҳад шуд.Татбиқи ин лоиҳа боиси ҷалби беш аз 3 миллиард доллари амрикоӣ сармояи мустақими Чин ба иқтисоди Тоҷикистон хоҳад шуд. Ғайр аз ин, барои кашидани ин лӯлаи газ ва хизматрасонии ояндаи он корхонаи муштараки Тоҷикистону Чин таъсис дода мешавад, ки дар он садҳо нафар шаҳрвандони Тоҷикистон бо кор ва маоши хуб таъмин хоҳанд шуд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Дӯстӣ аз як замин се навъи маҳсулот ҷамъоварӣ мекунад
Дар Тоҷикистон мусобиқаи «МегаФон Life дар сабки футбол» анҷом ёфт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд






