Мулоқоти вазири корҳои дохилӣ бо собиқадорони Хуҷанд
Душанбе, 3 сентябр. (АМИТ «Ховар», Л. Қосимова). — Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимов зимни сафари корӣ ба вилояти Суғд бо собиқадорони мақомоти минтақаи шимоли кишвар вохӯрӣ анҷом дод. Дар чорабинии мазкур 60 нафар собиқадорони мақомоти корҳои дохилӣ — сокинони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ва узви Шӯрои собиқадорони ВКД иштирок доштанд.
Вазири корҳои дохилӣ дар вохӯрӣ таъкид дошт, ки собиқадорони мақомоти корҳои дохилӣ омӯзгорони арзандаву беминнат ва таърихи зиндаи каҳрамониву шуҷоати чанд насли ин мақомот буда, раҳнамои ҷавонон дар ҳар кору пайкори ин касби пурхатар ва пурифтихор мебошанд. Бо Фармони вазири корҳои дохилӣ барои тарбия ва камолоти маънавии насли ҷавони милитсия, 10 нафар аз собиқадорон бо Сипоснома, 10 нафар бо Ифтихорномаи вазири корхои дохилӣ ва 5 нафар бо роҳхат ба осоишгоҳи «Хоҷа Оби Гарм» ва «Баҳористон» қадрдонӣ шуданд. Ҳамчунин баҳри кӯмаки иҷтимоӣ ба ҳар кадоми онҳо маводи ғизоӣ тақдим гардид.
Дар ҷараёни вохӯрӣ раиси Шӯрои собиқадорони ВКД полковники мустаъфӣ Изатулло Шарифов миннатдории собиқадорони мақомоти милитсияро ба вазир расонид. Мавсуф зикр кард, ки чунин ғамхориҳои роҳбарияти ВКД нисбат ба собиқадорон-нафақахӯрони мақомоти корҳои дохилӣ онҳоро водор месозад, ки ҷавобан ба ин гуна ғамхориҳо дар тарбияву тайёр намудани мутахассисони ҷавон ва баланд намудани руҳияи ватандӯстиву меҳанпарастӣ ва ифтихори миллӣ дар замири насли ҷавон саҳми босазои худро гузоранд.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» Акбар Шарифов, корманди маркази матбуоти РВКД дар вилояти Суғд хабар дод.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






