Мусобиқаи ҷумҳуриявии гӯштини миллӣ дар Муъминобод
Душанбе, 2 сентябр. (АМИТ «Ховар», Фарзона Ашӯрмадова).- Рӯзҳои 7-8 сентябри соли ҷорӣ дар доираи чорабиниҳои бахшида ба 22- солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва инчунин ба хотираи Мирзоватан Ҳасаналиев дар ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон мусобиқаи ҷумҳуриявии гӯштини миллӣ доир мегардад.
Тавре ки аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ хабар доданд, дар мусобиқа варзишгарони аз 18- сола боло иштирок менамоянд.
Гуфта мешавад, ки варзишгарон аз шаҳри Душанбе, ВМКБ, вилояти Хатлон, Суғд, шаҳру навоҳии тобеи марказ, ноҳияи Муъминобод дар вазнҳои 55,60, 65, 70, 75, 80, 86, 95 ва аз 95 кг боло барои ба даст овардани зинаҳои ифтихорӣ рақобат менамоянд.
Ғолибони чорабинӣ бо диплому медали кумита ва туҳфаҳои хотиравии ҳукумати ноҳия қадрдонӣ хоҳанд шуд.








МегаФон Тоҷикистон: МегаҚувва гигабайтҳоро дучанд менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад






