Мусобиқаи дзюдо дар “Наврўзгоҳ”
Душанбе, 25 сентябр. (АМИТ «Ховар, Руқияи Боймамад).- 26-27 сентябри соли равон дар “Наврўзгоҳ”-и шаҳри Душанбе мусобиқаи кушоди ҷумҳуриявӣ оид ба дзюдо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир мегардад. Дар чорабинӣ ширкати варзишгарони кишварҳои Тоҷикистон, Русия, Украина, Беларус, Муғулистон, Қазоқистон, Ўзбекистон, Туркманистон, Озарбойҷон, Арманистон, Афғонистон, Покистон, Эрон ва Чин дар назар аст.Ғолибону ҷоизадорон бо туҳфаҳои Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва Федератсияи дзюдои мамлакат қадрдонӣ мешаванд.








МегаФон Тоҷикистон: МегаҚувва гигабайтҳоро дучанд менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад






