Мусодираи героин дар фурудгоҳ

Сентябрь 20, 2013 13:04

Душанбе, 20 сентябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Рўзи 7-уми сентябри соли равон аз тарафи кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» бо гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир мусофири хатсайри ҳавоии самти «Душанбе-Дубай» шаҳрванди ҶТ Давлатова Парвина Назаралиевна, соли таваллудаш 1983, сокини шаҳри Душанбе, соҳиби 2 фарзанд боздошт гардид. Ҳангоми азназаргузаронии борхалта, ҷузвдони компютер ва сумкаи дастии номбурда аз дохилашон 2 килограмму 700 грамм героин дарёфт ва мусодира шуд.Дар маркази робитаҳои ҷамъиятии КДАМ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки агар ин кўшиши муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир аз тарафи кормандони мақомоти амнияти миллӣ сари вақт ошкор ва пешгирӣ намегардид, он ба сатҳи муносибатҳои неку хайрхоҳона, ки феълан Аморати Муттаҳидаи Араб ва Ҷумҳурии Тоҷикистон доранд, таъсири манфӣ расонида метавонист.Айни замон нисбати Давлатова Парвина Назаралиевна парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст, тафтишоти пешакӣ давом дорад.

Сентябрь 20, 2013 13:04

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд