Мусоидати Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати ҶТ
Душанбе, 12 сентябр (АМИТ «Ховар», Л. Қосимова).- 28 августи соли 2013 ба дафтари Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия муҳоҷири меҳнатӣ-шаҳрванди ҶТ Рӯзиқулов Маъмурҷон Эргашевич, зодаи ш.Турсунзода муроҷиат намуда, хоҳиш кард, ки дар ҳалли мушкилоташ кӯмак расонанд. Ба гуфти Маъмурҷон Рӯзиқулов санаи 25 август суди ноҳияи Мешанскии шаҳри Москва бо ҷурми вайрон кардани тартиби фаъолияти меҳнатӣ дар ҳудуди ФР қарор оид ба ихроҷкунии маъмурӣ қабул кардааст.Зимни баррасии ариза сардори шуъбаи ҳуқуқи Намояндагӣ Алихон Розиқзода бо овардани далелҳои сабуккунанда ба мақомоти болои судӣ аризаи шикоятӣ ирсол намуд. Суди шаҳри Маскав далелҳои пешниҳодшударо ба инобат гирифта, 4 августи 2013 қарори суди ноҳияи Мешанскиро оид ба ихроҷкунии маъмурӣ бекор кард. Мувофиқи ҳалномаи суди Маскав муҳоҷир М. Рӯзиқулов танҳо 2 ҳазор рубл ҷарима супорида, аз ихроҷкунии маъмурӣ озод шуд. Ин парвандаро шарҳ дода корманди Намояндагӣ Алихон Розиқзода изҳор дошт, ки воқеан ҳам аз ҷониби муҳоҷири меҳнатӣ қоидавайронкунии маъмурӣ содир шудааст, аммо дар мақомоти ибтидоии судӣ паҳлуҳои сабуккунандаи ин ҳодиса ба инобат гирифта нашудааст.Ин бори аввал нест, ки бо мусоидати Намояндагӣ хулосаҳои судҳои поёнӣ вобаста ба ихроҷкунии маъмурӣ аз ҳудуди ФР аз ҷониби мақомоти болотар бекор карда мешаванд. Дар нимсолаи аввали соли равон 5 ҳолати берунсозии маъмурии шаҳрвандони Тоҷикистон бекор шудааст.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» котиби матбуоти намояндагии ХМ дар ФР хабар дод.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






