Насби 855 дастгоҳи наворгиранда дар 70 чорроҳаи кӯчаҳои марказӣ
Душанбе, 18 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Оид ба лоиҳаи «Шаҳри бехатар», вазъи садаманокӣ ва риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои ҷумҳурӣ 17 сентябр дар Раёсати бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилӣ бо иштироки муовини вазири корҳои дохилӣ Саид Ҷӯрахонов, сардори РБДА генерал-майори милитсия Маҳмадсаид Саидов ва масъулини ширкати «Хуавей» нишасти матбуотӣ доир гардид.Иштирокчиён оид ба татбиқи лоиҳаи «Шаҳри бехатар» маълумот дода, зикр намуданд, ки қисми якуми ин лоиҳа моҳи октябри соли ҷорӣ ба охир расида, аз фурудгоҳи шаҳри Душанбе то майдони Сарҳадчиёнро дар бар мегирад.Ҳадаф аз татбиқи лоиҳаи мазкур- ин таъмини бехатарӣ дар роҳҳои пойтахт ва амнияти шаҳрвандон аст.Намояндаи ширкати «Хуавей» Улуғбек Мӯсоев ба воситаи ролики видеоӣ моҳияти системаҳоеро, ки тавассути таҷҳизоти наворгиранда дар чорроҳаҳои шаҳри Душанбе насб мешаванд, ба ҳозирин фаҳмонид.Дар маҷмуъ 855 дастгоҳи наворгиранда дар 70 чорроҳаи кӯчаҳои марказии пойтахт насб шуда, оддитарин қоидавайронкуниҳоро ба навор мегиранд. Ҳамаи ин маълумотҳо ба маркази ягонаи идоракунӣ ирсол гардида, дар хазинаи умумии марказ коркард ва нигоҳ дошта мешаванд.Мавриди зикр аст, ки лоиҳаи «Маҷмааи автоматикунонии идораи нақлиёт ва ҳаракат дар роҳ дар шаҳри Душанбе — «Шаҳри бехатар» дар асоси Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати «Хуавей»-и Ҷумҳурии Мардумии Чин дар пойтахти ҷумҳурӣ амалӣ шуда истодааст. Лоиҳаи мазкур ҷиҳати бартарафсозии маҷмӯи мушкилоти раванди ҳаракат дар роҳ мусоидат намуда, ба беҳдошти ташкили ҳаракат дар роҳ, таъмини назорати доимӣ аз рўи ҳаракати воситаҳои нақлиёт ва таъмини тартиботи ҷамъиятӣ дар шаҳри Душанбе мусоидат хоҳад кард.








Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад






