Нашри китоби мушовири калони Президент дар остонаи ҷашни Истиқлол
Душанбе, 3 сентябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Китоби тозанашри мушовири калони Президенти Тоҷикистон Зафар Сайидзода, ки дар нашриёти «Контраст»-и пойтахт чоп шудааст, «Истиқлоли давлатӣ ва гиромидошти забони модарӣ» [attachment=13] ном дорад.
Ин нашрияи илмии сиёсӣ аз пешгуфтор ва чаҳор боб иборат буда, 156 саҳифа дорад.
Бобҳои китоб чунин номгузорӣ шудаанд: «Нигоҳи мухтасар ба гузаштаи забони тоҷикӣ», «Роҳбурди посдории забон дар ростои таълимоти Эмомалӣ Раҳмон», «Чӣ гуна забон омӯзем?» ва « Намунаҳо аз ганҷинаи адаби порсӣ».
Дар ин китоб сухан дар бораи муҳимтарин рукни фарҳанги миллӣ- забони тоҷикӣ ва нақши созандаи он дар эҳёи давлатдории навини тоҷикон меравад. Муаллиф бар он кӯшидааст, ки дар партави суханҳои ҳикматомез, роҳнамоиҳои хирадмандона ва фармудаҳои дилсӯзонаи Президент Эмомалӣ Раҳмон бобати омӯхтан, гиромӣ доштан, ҳифзу ҳиросат намудан ва ба қудрату тавоноии забони тоҷикӣ афзудан андешаҳои худро иброз намояд.
Гулчине, ки аз гуфтори ҳикматомези Президент Эмомалӣ Раҳмон дар бораи забон, суханҳои бузургон дар ситоиши сухан ва китоб ва намунаҳое аз ганҷинаи андешаи ниёгон оварда шудааст, ҳадафи ин китобро барои дар зеҳни ҳаммеҳанон, махсусан ҷавонон, нерӯманд гардонидани эҳсоси гиромидошти забони модарӣ, парвариши завқи баланди бадеӣ ва пайдо кардани малакаи гуфтори зебо ба мақсад мувофиқ менамояд.
Китоб барои доираи васеи дӯстдорони каломи бадеӣ пешбинӣ шудааст.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






