Оғози ҷаласаи навбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъии давлатҳои аъзои СААД
Душанбе, 23 сентябр. (АМИТ «Ховар»).-Дар шаҳри Сочии Федератсияи Русия ҷаласаи навбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъии давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ба кори худ оғоз намуд.Барои иштирок дар ин ҳамоиш сарони ҳамаи давлатҳои аъзои ин созмон – Арманистон, Беларусь, Русия, Тоҷикистон ва Қазоқистону Қирғизистон ҷамъ омадаанд.Тавре зикр гардид, яке аз масъалаҳои асосии ҷаласа кумаки давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ба Тоҷикистон барои пурзӯр намудани ҳифзи марзи давлатӣ бо Афғонистони ҳамсоя аст. Ин масъала дар бастагӣ ба бароварда шудани нерӯҳои байналмилалии посдори сулҳ аз Афғонистон дар соли 2014 пешниҳод шуда, интизор меравад, ки дар охири ҷаласа дар ин бора қарори дахлдор ба имзо расад.Дар ҷаласа, ҳамчунин дигар масоили вобаста ба таҳким ва густариши ҳамкории давлатҳои аъзои созмон баррасӣ шуда, як зумра қарорҳои муҳим қабул хоҳанд шуд.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






