Оғози сафари кории Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қирғизистон
Душанбе, 12 сентябр (АМИТ «Ховар»).- Нимаи дуюми рӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар ҷаласаи навбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай вориди шаҳри Бишкек, пойтахти Ҷумҳурии Қирғизистон шуд.Дар фурӯдгоҳии байналмилалии Манаси шаҳри Бишкек Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Сарвазири Қирғизистон Жанторо Сотиболдиев ва дигар шахсони расмӣ истиқбол гирифтанд.Худи ҳамин рӯз мулоқотҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев дар назар аст.Дар ҳошияи мулоқот бо Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин имзои созишномаи дуҷониба доир ба кашидани лӯлаи гази Туркманистон-Чин аз тариқи қаламрави Тоҷикистон дар назар аст.Пагоҳ, 13-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи навбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай иштирок ва суханронӣ намуда, чанд мулоқоти дуҷонибаи дигар анҷом хоҳад дод.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






